Марги 2 толибилми пойтахт бар асари кордкашӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i11155-Марги_2_толибилми_пойтахт_бар_асари_кордкашӣ
Бар асари муноқишаву занозанӣ байни толибилмони се мактаби шаҳри Душанбе шаби 3 январ дар яке аз интернет-кафеҳои микрорайони 103-юм ду тан аз хонандагон аз захми корд ҳалок шуданд. Инҳо хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 43, 54 ва 101-уми ноҳияи Сино будаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 04, 2017 11:51 Asia/Dushanbe
  • Марги 2 толибилми пойтахт бар асари кордкашӣ

Бар асари муноқишаву занозанӣ байни толибилмони се мактаби шаҳри Душанбе шаби 3 январ дар яке аз интернет-кафеҳои микрорайони 103-юм ду тан аз хонандагон аз захми корд ҳалок шуданд. Инҳо хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 43, 54 ва 101-уми ноҳияи Сино будаанд.

Ба иттилои «Азия-Плюс, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз ифшои ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ варзид. Намояндагони Вазорат айни замон дар ҷойи ҳодиса қарор доштаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ низ аз боздошти чанде аз иштирокчиёни муноқиша маълумот дода, дигар ҷузъиёти қазияро шарҳ намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол, омӯзгори мактаби №54 Сомон Шарипов дар ин робита хабар дод, ки ҷасади яке аз толибилмони ҳалокшуда ҳамин рӯз ба хок супурда шудааст.

Бино ба маълумоти ВАО бо истинод ба дигар омӯзгорон, муноқиша бо айби хатмкардагони соли гузаштаи мактабҳо рух додааст.

Ҳодисаҳои ба ин монанд тайи соли охир бори аввал нестанд. Аввали моҳи июни соли гузашта  кормандони милиса 7 нафар хонандагони яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанберо барои ташкили занозании оммавӣ боздошт намуданд.  Гумонбаршудагон якдигарро лату кӯб намудаанд, ки дар натиҷа чор нафари онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.