Баргузарии музокироти вузарои хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i111576
Музокироти вузарои хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 05, 2024 12:09 Asia/Dushanbe
  • Баргузарии музокироти вузарои хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанб
    Баргузарии музокироти вузарои хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанб

Музокироти вузарои хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе баргузор шуд.

Сироҷиддини Муҳриддин , вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 4 феврал бо Жээнбек Кулубоев, вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Қирғизистон ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистони басар мебарад , дидор ва гуфтугӯ кард .

Ба гузориши “Ховар” ба нақл аз Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон , вазирон дар ҳайатҳои маҳдуд ва  густарда дар бораи масоили ҳассоси равобити Тоҷикистон ва  Қирғизистон ва  ҳамкориҳои дукишвар дар чорчӯби Созмонҳои байналмилалӣ ва  минтақаӣ табодули назар карданд .

Дар натиҷаи музокирот , барномаи ҳамкории байни Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Вазорати умӯри хориҷаи Қирғизистон барои соли 2024 - 2025 имзо шуд .