Ҳузури ихтироъкорони тоҷик дар намоишгоҳи байналмилалии ихтирооти Ховари Миёна
(last modified Tue, 06 Feb 2024 14:10:35 GMT )
Феврал 06, 2024 19:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ихтироъкорони тоҷик дар намоишгоҳи байналмилалии ихтирооти Ховари Миёна

Ихтироъкорони тоҷик дар 14-умин намоишгоҳи байналмилалии ихтирооти Ховари Миёна дар Кувайт ширкат доранд.

Чаҳордаҳумин намоишгоҳи байналмилалии ихтирооти Ховари Миёна бо номи «Онҷое, ки сармоягузорон бо ихтироъкорон бо ҳам дидор менамоянд» дар Кувайт ҷараён дорад, ки мухтареон ва донишмандони тоҷик низ дар он ширкат доранд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар намоишгоҳи сатҳи баланд дар қатори 33 давлати хориҷӣ 10 олиму профессор ва ихтироъкори ҷавон аз донишгоҳҳо ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ихтирооташонро ба маърази тамошо гузоштаанд.

5 феврал маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳ бо иштироки вазири таҳсилоти олӣ ва пажуҳиши илмии Давлати Кувайт доктор Одил ал-Удвонӣ, намояндагони марказҳои илмӣ-таҳқиқотии Кувайт ва аъзои корпуси дипломатии муқими кишвари иқомат бо ҳузури васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кувайтӣ баргузор шуд.

Бояд гуфт, ки фаъолияти намоишгоҳ то 7 феврал идома ёфта, дар интиҳо иштирокчиёнро ҷоизаҳо интизор мебошанд.