Феврал 09, 2024 19:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои  Тоҷикистон ва сохторҳои СММ
    Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва сохторҳои СММ

Дар дидори муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ҳамоҳангкунандаи доими Созмони Милали Муттаҳид дар ин кишвар ҳамкории Душанбе бо сохторҳои ин созмон баррасӣ шуд.

Исматуллоҳ Насриддин, муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ҳамоҳангкунандаи доими Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дидор ва масоили ҳамкорӣ байни ду тарафро баррасӣ карданд.

Дар ин дидор вазъияти кунунӣ ва чашмандози тавсеаи ҳамкориҳои мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва сохторҳои СММ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ду тараф дар бахши дигаре ҳамчунин мавзӯоти марбут ба пружаҳои мавриди иҷро дар Тоҷикистон ва рӯйдодҳои барномарезишуда дар сатҳи болоро баррасӣ карданд.

 

Барчасп