Феврал 15, 2024 10:57 Asia/Dushanbe
  • Маҳдӯдияти интиқоли барқ ба шаҳрҳо ва манотиқи Тоҷикистон
    Маҳдӯдияти интиқоли барқ ба шаҳрҳо ва манотиқи Тоҷикистон

Раиси ширкати "Барқи Тоҷик" гуфт : Далели маҳдӯдияти интиқоли барқ ба шаҳрҳову манотиқи Тоҷикистон афзоиши тақозо ва ҳамчунин коҳиши мизони оби махзани сади Норак бӯдааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник ; Муҳаммадумар Асозода , афзӯд : ҳангоме,  ки сатҳи оби рӯдхона ба андозаи кофӣ боло биёяд. ки барқи кофӣ барои таъмини тақозо тавлид кунад , барқ қатъ нахоҳад шуд .

Вай афзӯд : Ба далели афзоиши тақозо барои барқ , адами таъодул дар масрафу тавлид дар кишвари ба вуҷӯд меояд .

Ба гузориши Асозода  , дар давраи пойиз  ва  зимистон ниёзи ҷамъияти кишвар ба барқ ба сӯрати тасоуди афзоиш меёбад ва ин вазъият ба муддати 7 моҳ идома дорад .

Вай афзӯд : Дар ин муддат ҳаҷми тавлиди барқ баста ба мизони оби масрафӣ ва  сатҳи махзане,  ки ба унвони захираи обӣ истифода мешавад , таъйин мешавад албатта ҳаҷми тавлиди барқ дар ин муддат барои пӯшиш кофӣ нест .

Вай таъкид кард : Дар фасли борандагӣ бо афзоиши об , нерӯгоҳҳои кишвар метавонанд ба таври комили ҷамъиятро таъмин кунанд .

Ӯ афзӯд : Дар тобистони 2023 , Тоҷикистони 2 миллиарду 677 миллион киловатт соъат барқ содир кард, ки 124 . 2 миллион киловатт соъати бештар аз сол 2022 аст .

Аз ин теъдод як миллиарду 624 . 7 миллион ба Афғонистон , 907 . 5 миллион ба Узбекистон ва 144 . 6 миллион киловатт соъати барқ ба Қазоқистон фурӯхта шудааст.

Дар соли 2023 , Тоҷикистони 21 миллиарду 650 киловатт соъати барқ тавлид кард . Ин 453 киловатти соъат  2 . 1 дарсади бештар аз сол 2022 аст

Барчасп