Густариши равобити ҳамаҷонибаи Русия ва Тоҷикистон
(last modified Sun, 18 Feb 2024 07:19:22 GMT )
Феврал 18, 2024 12:19 Asia/Dushanbe
  • Густариши равобити ҳамаҷонибаи Русия ва Тоҷикистон
    Густариши равобити ҳамаҷонибаи Русия ва Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷа Тоҷикистон гуфт: Дар соли 2023 далелҳои зиёде дар бораи таҳкими назарраси равобити байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия дар ҳама сатҳҳо буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфаронси матбуотии солонаи ин вазоратхона бо арзёбии рушд ва пешрафти равобити Русия ва Тоҷикистони афзуд: Вижагии равобити сатҳи боло аз эътимоди мутақобил ва дустии самимона аст ва муҳимтарин нукта дар он гуфтугуи муназзам, самимона ва созанда дар сатҳи сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Русия аст.

Вай таъкид кард: Соли гузашта ҳудуди 20 ширкати сармоягузории муштарак бо сармояи Русия дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Вазири корҳои хориҷа афзуд: Соли гузашта  тарафи русӣ фаъолона фурсатҳои шуғлиро барои шаҳрвандони Тоҷикистон ироа кард Душанбе умедвор аст ин раванд идома ёбад ки бояд мунҷар ба иҷрои тарҳҳои хос шавад.