Феврал 19, 2024 09:39 Asia/Dushanbe
  • Талоши Амрико барои нуфӯзи фарҳангӣ дар Тоҷикистон ба баҳонаи омӯзиш
    Талоши Амрико барои нуфӯзи фарҳангӣ дар Тоҷикистон ба баҳонаи омӯзиш

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо иддаои ҳимоят аз сиёсатҳои раиси Ҷумҳӯрии Тоҷикистон дар заминаи ёдгирии забонҳои хориҷӣ , 242 ҳазор китоби англисӣ ба мактабҳои ин кишвар эҳдо кард ва қарор аст беш аз 352 ҳазор ҷилди дигар низ ба зуди тавзеъ шавад .

Ба гузориши Ирно вебсойти сифорати Амрико дар Тоҷикистон навишт : Раҳими Саидзода вазири омӯзиш ва  улӯми Тоҷикистон , Мануэл Миколер сафири Амрико дар Тоҷикистон ва  Қозидавлат К , намояндаи доими шабакаи тавсеаи Оғохон дар Тоҷикистон дар маросими таҳвили ин китобҳо ширкат карданд .

Ба гуфтаи сафорати Амрико , ин тасмим дар ҳимоят аз сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон , раиси Ҷумҳӯрии Тоҷикистон дар заминаи ёдгирии забони англисӣ барои кӯдакон иттихоз шудааст .

Ин китобҳо барои донишомӯзони синфҳои  даҳуму ёздаҳум ва ҳамчунин муаллимони ин кишвар дар назар гирифта шудааст . Китобҳои эҳдои 230 ҳазор ҷилди китоби дарсӣ барои пояи даҳуму ёздаҳум , 24 ҳазор ҷилд барои муаллимонро шомил мешавад .

Ба иддаои сафорати Амрико дар Тоҷикистон , ин китобҳо стандартҳои таъйин шуда аз сӯйи Вазорати омӯзишу парвариш барои барномаҳои дарсии забони англисиро доранд ва аз равишҳои навини ёдгирии забон , яъне омӯзиши забонмеҳвар , омӯзиши иртиботӣ ва  ёдгирии мубтанӣ бар тамрин аст .ки тафаккури интиқодиро тарвиҷ мекунанд .