Буҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон то соли 2019 идома меёбад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i112-Буҳрони_иқтисодӣ_дар_Тоҷикистон_то_соли_2019_идома_меёбад
Вазъи буҳронӣ дар иқтисоди Тоҷикистон то се соли оянда идома хоҳад кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 14, 2016 17:19 Asia/Dushanbe
  • Буҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон то соли 2019 идома меёбад

Вазъи буҳронӣ дар иқтисоди Тоҷикистон то се соли оянда идома хоҳад кард.

Профессор Лутфуллоҳ Саидмуродов, раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гуфт, ки асароти манфии буҳрони ҷаҳонӣ ба иқтисоди кишвараш то солҳои 2018-2019 эҳсос хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, профессор Саидмуродов рӯзи 14-уми июл дар нишасти матбуотии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон зимни тавзеҳи ин мавзуъ афзуд: "Ҷиҳати коҳиши асароти манфии омилҳои беруна зарур аст, ки рушди солонаи иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи 6 то 7 дарсад таъмин шавад".

Ҳамзамон профессор Сайидмуров таъкид кард, ки аз далелҳои аслии осебпазир боқӣ мондани Тоҷикистон ба омилҳои хориҷӣ, ин номукамалии сохтори иқтисоди ин кишвар аст.

Ба гуфтаи вай, зарур аст, ки саҳми тавлидоти санъатӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё тавлидоти нохолиси дохилии Тоҷикистон дар қиёс ба арсаи кишоварзӣ бештар гарад, зеро танҳо дар ин сурат метавон аз асароти манфии беруна ба иқтисоди кишвар ҷилавгирӣ кард.

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи коршиносон, айни замон иқтисоди Тоҷикистон аз омилҳои беруна, аз ҷумла аз қимати пахта ва алюминий дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва вазъи иқтисоди Русия бастагии амиқ дошта, ҳар навъ бесуботӣ дар ин ду бахш метавонад иқтисоди Тоҷикистонро бо рискҳои нав рӯбарӯ кунад. Ба хусус агар ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки аз 3,8 миллиард доллари соли 2014 то 1,2 миллиард дар соли 2015 пойин рафт, ҳамчунон коҳиш ёбад.

Бояд гуфт, Бонки Ҷаҳонӣ дар охирин арзёбии хеш мизони рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ 4 дарсад пешбинӣ карда, гуфтааст, ки ин рақам дар соли оянда ба 4,5 дарсад баробар хоҳад шуд.

Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, бино ба пешбинии онҳо рушди иқтисоди ин кишвар танҳо дар соли ҷорӣ ба 6,5 дарсад хоҳад расид.