Январ 05, 2017 09:54 Asia/Dushanbe
  • Интишори феҳристи амволи бонкҳои буҳронзада дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон феҳристи номгӯи амволи 4 бонки буҳронзада дар ин кишварро мунташир кард.

Ба гузориши сойти Азия плюс, дар ин феҳрист нархи амволи ин бонкҳо эълом нашудааст ва дар садри ин феҳрист номи “Агроинвестбонк” қарор дорад.

Бар асоси ин феҳрист, “Агроинвестбонк” бо доштани беш аз 750 шӯъба, амвол ва дороӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон дар ин феҳрист мақоми нахустро ба худ ихтисос дода аст. Гуфта мешавад, ки бағайр аз бинои  марказӣ ва 60 шӯъба, ин бонк дорои манотиқи тафреҳӣ, чанд маркази тавлидӣ, анборҳо, марокизи сӯхтгирӣ, таъмиргоҳи худравҳо, фурӯшгоҳҳо, дорухонаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ мебошад.

Дар феҳристи амволи “Тоҷиксодиротбонк” 52 марказ вуҷуд дорад, ки шомили бинои марказӣ ва 43 шӯъба, бозори бузурги “Ашан”,  меҳмонхонаи “Тоҷикистон”, корхонаҳои бофандагӣ дар Данғара ва Фархор, маркази таъмири худравҳо, корхонаҳои пахта тоза кунӣ дар Хатлон ва хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе мешавад.

Дар феҳристи амволи “Тоҷпромбонк”, номи 117 марказ зикр шуда аст, ки шомили бинроми марказӣ, 22 шӯъба ва хонаҳои истиқоматии зиёде дар манотиқи мухталифи ин кишвар мешавад.

Бо ин ҳол, “Фонобонк” дорои 37 марказ аст, ки бинои марказӣ, 4 шӯъба ва хонаҳои истиқоматии зиёдеро дар бар мегирад. Ҳукумати Тоҷикистон эълом кардааст, ки манобеи молии идорот ва созмонҳои давлатиро аз ҳисоби ин 4 бонки буҳронзада хориҷ месозад ва ин маблағҳо дар сандуқи вижаи Вазорати молияи ин кишвар нигаҳдорӣ хоҳанд шуд. Бар ин асос, истифода аз ин манобеи молӣ ба муддати 1 сол маҳдуд хоҳад шуд, ки ҳадаф аз ин иқдом ҷилавгирӣ аз рушди таваррум унвон шудааст.

 

 

Барчасп