Феврал 23, 2024 19:32 Asia/Dushanbe
  • Давлатманд Холов бо бузургони мусиқии Эрон ҳамкориҳои зиёдеро доштааст
    Давлатманд Холов бо бузургони мусиқии Эрон ҳамкориҳои зиёдеро доштааст

Маросими фарҳангии “Шоми мусиқӣ ва суруди суннатии Тоҷикистон” (шашмақому фалак) дар ҳамкорӣ бо Муассисаи фарҳангии ЭКО, ба ҳиммати Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон, рӯзи панҷшанбе бо ҳузури бархе аз чеҳраҳои сиёсиву фарҳангии ду кишвари Эрону Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар маросими фарҳангии “Шоми мусиқӣ ва суруди суннатии Тоҷикистон” иҷрои шашмақому фалакхонӣ, ки навъе овози тоҷикӣ аст, суруду шеър зинатбахши ин ойин буду ёду хотираи Давлатманд Холов, хонандаву ҳунарманди тоҷик бо чанд дақиқа сукут гиромӣ дошта шуд.

Дар идомаи ин маросим Низомиддин Зоҳидӣ, сафири фавқулода ва томулихтиёри Тоҷикистон дар Эрон дар васфи мусиқии тоҷикӣ гуфт: Тоҷикистон қасд дорад мусиқии суннатии «шашмақом» ва «фалак»-ро, ки тавассути ЮНЕСКО ба унвони мероси ҷаҳонӣ сабт шудааст, ривоҷ диҳад, зеро ин амрро барои ҳифзи мусиқии миллӣ зарурӣ медонад.

Шоми мусиқӣ ва суруди суннатии Тоҷикистон

 

Низомиддин Зоҳидӣ бо ишора ба ҳушу хиради марҳум Давлатманд Холов баён кард: Яке аз муҳимтарин дастовардҳои муҳими мо тоҷикҳо шаш мақоми мусиқӣ аст, ки таърихи беш аз ҳазорсола дораду Давлатманд Холов онро ба хубӣ дарк кардаву ривоҷ дода буд.

Дипломати аршади тоҷик изҳор дошт, ки Давлатманд Холов бо бузургони мусиқии Эрон ҳамкориҳои зиёдеро дошта ва пас аз фавти ӯ бисёре аз саршиносони эронӣ, аз ҷумла вазири фарҳангу иршоди исломӣ таслияти худро нисбат ба уруҷи он марҳум иброз доштанд.

Низомиддин Зоҳидӣ гуфт: Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёбии ҳувияти миллии тоҷикистонӣ, аз ҷумла идҳо, таърих, фарҳанг ва мусиқии тоҷикиро ба таври ҷиддӣ дар дастури кори худ қарор додааст.

Сафири фавқулода ва томулихтиёри Тоҷикистон дар Эрон дар бахши дигаре аз суханони худ бо ишора ба иштирокоти амиқи кишварҳои осиёӣ таъкид кард: Иштирокоти кишварҳои ҳамсоя, ки бисёре аз онҳо дар ЮНЕСКО сабт гардидаанд, нишон аз тааммуқи равобити кишварҳост.

Дар идома низ бархе дигар аз чеҳраҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон ба васфи шахсияти Давлатманд Холов ва мусиқии сода, вале дар айни ҳол амиқи Тоҷикистон пардохтанд.

 

Барчасп