Санаи номнависӣ барои пазириш дар донишгоҳҳои Тоҷикистон эълом шуд
(last modified Sat, 24 Feb 2024 08:31:40 GMT )
Феврал 24, 2024 13:31 Asia/Dushanbe
  • Санаи номнависӣ барои пазириш дар донишгоҳҳои Тоҷикистон эълом шуд

Маркази миллии озмун гузориш дод, ки 47 маркази номнависӣ дар 43 шаҳр ва минтақаи Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон, ин марказ ҳамчунин аз вуҷуди нуқоти номнависии сайёр дар 16 шаҳр ва минтақаи дигар хабар дод.

 Ҳамон тавр, ки коркунони марказ тавзеҳ доданд, ин амр ба осонсозии раванди пардозиш барои мутақозён ва сарфаҷӯӣ дар вақти онҳо кумак мекунад. Аз соли 2014 озмуни вурудии донишгоҳҳо ва донишкадаҳои Тоҷикистон ба таври саросарӣ баргузор мешавад. 

 Гуфтанӣ аст  номнависӣ аз аввали март оғоз мешавад.