Январ 05, 2017 09:57 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти сементи Тоҷикистон

Тоҷикистон дар соли гузашта ба кишварҳои ҳамсоя наздик ба 257 ҳазор тон семент содир карда, ки барои ин кишвар 13 миллиону 800 ҳазор доллар арзоварӣ доштааст.

Ба гузориши сойти Авесто, Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз чанд корхонаи тавлиди семент дар ин кишвар бо таъмини ниёзи дохилӣ, акнун заминаи содироти ин маҳсул ба Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон низ фароҳам шудааст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 12 корхонаи тавлиди семент фаъолият мекунад, ки тайи 15 соли ахир бо сармоягузорӣ ва кумаки фаннии мутахассисони чинӣ сохта шудааст. Аз ин ҳисоб дар Тоҷикистон тайи 11 моҳи соли гузашта, 1 миллиону  861 ҳазор тон семент тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2015 наздик ба 525 ҳазор тон бештар мебошад.

Манобеи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки дар ин кишвар заминаи тавлиди солона наздик ба 4 миллион тон семент вуҷуд дорад ба ин манзур ёфтани бозорҳои содиротии ин маҳсули муҳимми сохту соз аз ҷумлаи барномаҳои ин вазорат ба ҳисоб меояд. Ба далели набуди газ дар Тоҷикистон корхонаҳои тавлиди сементи ин кишвар аз ангиштсанг ба унвони сӯхти аслӣ истифода мекунанд, ки дар ин ҷумҳурӣ захираҳои фаровони ангиштсанг вуҷуд дорад.