Намояндаи Тоҷикистон дар 55-умин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башар иштирок намуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i112204-Намояндаи_Тоҷикистон_дар_55_умин_нишасти_Шӯрои_ҳуқуқи_башар_иштирок_намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар 55-умин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ширкат кард.
(last modified 2025-09-23T05:43:04+00:00 )
Феврал 28, 2024 09:50 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Тоҷикистон дар 55-умин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башар иштирок намуд

Намояндаи Тоҷикистон дар 55-умин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ширкат кард.

Тоҷикистонро дар ин иҷлосияи сатҳи баланд Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода  намояндагӣ менамояд.

Иҷлосия аз 26 феврал то 5 апрели соли 2024 дар шаҳри  Женева идома меёбад.