Намояндаи Тоҷикистон дар 55-умин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башар иштирок намуд
Феврал 28, 2024 09:50 Asia/Dushanbe
Намояндаи Тоҷикистон дар 55-умин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ширкат кард.
Тоҷикистонро дар ин иҷлосияи сатҳи баланд Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода намояндагӣ менамояд.
Иҷлосия аз 26 феврал то 5 апрели соли 2024 дар шаҳри Женева идома меёбад.
Барчасп