Сайри ҷаҳонии ҷудо - «Grand Slam Dushsnbe» ба мизбонии шаҳри Душанбе
Ба ибтикори Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе ва раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир аз соли 2024, шаҳри Душанбе, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони яке аз мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо — «Grand Slam Dushsnbe» хоҳад шуд.
Мусобиқоти байналмилалии «Grand Slam Dushsnbe-2024» дар таърихи 3 то 5 май барномарезӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 нахусти маротиба дар пойтахти Тоҷикистон «Dushanbe Grand Prix 2023» баргузор гардид, ки дар он ҷудочиёни 40 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ дар садри ҷадвали ниҳоии мусобиқаи «Dushanbe Grand Prix 2023» қарор гирифт.
Бештар бихонед: