Дидори Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи вижаи дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ
Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Миёна дидор кард.
27 феврал дар шаҳри Душанбе, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Каха Имнадзе, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, раиси Маркази минтақаии Созмони минтақаии Созмони Милали Муттаҳид дар умӯри дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ (UNRCCA) дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ин дидор вазъияти кунӯнӣ ва чашмандози ҳамкориҳои чандҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Маркази минтақаии Созмони Милали Муттаҳид мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Тарафайни алоқаи худро барои тақвияту густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумлаи тазмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдидоту чолишҳои амниятии модерн, ҳифзи муҳити зист, тазмини тавсеаи пойдори ҷомеъа, ҳифозат ва мудирияти манобеи об иброз карданд.