Феврал 29, 2024 18:31 Asia/Dushanbe
  • Дастаи миллии чавгони Тоҷикистон дар рутбаи дувуми қаҳрамонии Осиёи марказӣ

Дастаи миллии чавгони Тоҷикистон дар рутбаи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии чавгонбозии Осиёи марказӣ қарор гирифт.

 Ба гузориши “Ховар” ба нақл аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқоти қаҳрамонии чавгонбозӣ дар шаҳри Андиҷони Узбакистон то 2 март идома мекунад ва дастаҳои миллии Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар он ширкат доранд.

 Дастаи миллии чавгони Тоҷикистон дар ду даври нахуст муқобили дастаҳои Қирғизистон (5 бар 0) ва Қазоқистон (2 бар 0) ба бартарӣ расид ва бо шаш имтиёз дар раддаи дувум қарор гирифт. Дастаи миллии чавгонбозии Тоҷикистон дар даври севум бо дастаи Узбакистон дидор хоҳад кард.

 

Барчасп