Март 02, 2024 16:57 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии гуштингири тоҷик ба даври ниҳоии Мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо

Эмомалӣ Нуралӣ, варзишкори тоҷик бо пирӯзӣ дар аввалин рӯзи мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо «Tashkent Grand Slam 2024», ки аз рӯзи гузашта оғоз шудааст, ки дар он 14 варзишкор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доранд.

Эмомалӣ Нуралӣ, ҷудукори тоҷикистонӣ дар аввалин рӯзи ин мусобиқот дар вазни 66 килограм ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Барои баромадан ба финал Эмомалӣ Нуралӣ бар Мартин Сетс аз Олмон, Уиллис Гарсиа аз Венесуэла, Кубаничбек Айбек Уулу аз Қирғизистон ва Яго Абуладзе аз дастаи варзишгарони фардии бетараф пирӯз шуд. Дар финал ӯ ҷудочии исроилӣ Барух Шмаиловро мағлуб намуд.

 

Барчасп