Март 04, 2024 19:07 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Густариши ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

Тоҷикистон ва Озарбойҷони ҳамкори дар заминаи диҷиталикардани бозори корро густариш медиҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, дар ҷараёни сафари кории ҳайати Тоҷикистон ба сарпарастии Қиёмиддин Давлатзода, муовини вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон, мавзуъоти тақвияти ҳамкориҳо дар заминаи бозори кор бо Ҷумҳурии Озарбойҷон мавриди барраси қарор гирифт.

Ҳадаф аз сафари ҳайати вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Озарбойҷон ошнои ва омузиши бозори кори Ҷумҳурии Озарбойҷон арзёби шуд.

Ҳайати кории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши аз ин сафар бо вазири кор ва ҳифзи иҷтимои Ҷумҳурии Озарбойҷон, муовини вазири кор, раиси идораи кори давлатии зермаҷмуъаи Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимои Ҷумҳурии Озарбойҷон, мудири маркази навовариҳои диҷитали "DOST", раиси бозрасии кор ва маркази навовариҳои диҷитали Озарбойҷон дидору гуфтугу кард, ки дар ҷараёни он мавзуъоти тақвият ва густариши ҳамкориҳо дар заминаи диҷиталишудани бозори кор мавриди баҳс қарор гирифт.

Барчасп