Март 05, 2024 11:41 Asia/Dushanbe
  • Варзишкори тоҷикистонӣ,барандаи медали тиллои ҷудуи мусобиқоти Аврупо

Лоиқ Қутбуддинов, ҷудукори тоҷикистонӣ дар рақобатҳои озоди Ҷоми миллатҳои Аврупо, ки дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, дар вазни 60 килограмм ба медали тилло даст ёфт.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, варзишкори тоҷикистонӣ дар даври аввал Ниҳоб Раҳимов, намояндаи Озарбойҷонро шикаст дод ва дар даври дувум дар баробари Сандро Шарипошивилӣ, варзишкори гурҷистонӣ пирӯз шуд.

 Лоиқ Қутбуддинов дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ Ларс Кинт, намояндаи Белгияро шикаст дод ва дар ниманиҳоӣ бар Лука Даташвили аз Гурҷистон пирӯз ва роҳии финал шуд.

Лоиқ дар рақобати ниҳоӣ муқобили Адис Оразматов, намояндаи Қирғизистон ба бартарӣ расид ва мақоми аввалро касб кард.

 

Барчасп