Тақвияти робитаҳои вилояти Хатлон бо ширкатҳои пешрави Узбакистон
(last modified Tue, 05 Mar 2024 08:05:29 GMT )
Март 05, 2024 13:05 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти робитаҳои вилояти Хатлон бо ширкатҳои пешрави Узбакистон

Дар ҳоли ҳозир минтақаи Хатлон робитаҳои дуҷонибаи қавӣ бо ширкатҳои пешрави Узбакистон барқарор кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин хабарро Музаффар Мирзозода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон дар дидор бо ҷамъе аз тоҷирон ва сармоягузорони Узбакистон баён кард.

 Дар ин нишаст таъкид шуд, акнун ки вилояти  Хатлон робитаҳои дуҷонибаи хубе бо ширкатҳои мӯътабари Узбакистон барқарор кардааст, барои ҷазби сармоягузорӣ ва муаррифии фановариҳои рӯз барномарезӣ шудааст.

 Мирзозода хотирнишон кард: Тақвият ва густариши равобити тиҷорӣ бо ширкатҳои узбакистонӣ яке аз авлавиятҳои фаъолиятҳои иқтисодии хориҷӣ аст.

Ӯ гуфт: "Мо алоқаманд ба эҷоди равобити дарозмуддат ҳастем, ки ба истифодаи муассир аз имкониятҳои минтақаҳо кумак кунад."

Тарафҳо бар афзоиши ҳамкорӣ дар заминаҳои саноъатӣ, ҳамоҳангии барномаҳои мутақобил ва тавсеаи пешниҳодҳо тавофуқ карданд.