Баррасии чашмандози равобити Душанбе ва Вашингтон
Январ 05, 2017 10:14 Asia/Dushanbe
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва сафири Амрико дар шаҳри Душанбе чашмандози ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Ба навиштаи сойти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин дидор Сироҷиддин Аслов ва Элизабет Миллард дар бораи вазъи феълии равобити Тоҷикистон, Амрико ва манофеъи муштараки ду кишвар баҳсу гуфтугӯ ва бар густариши ҳамкориҳои минтақаӣ таъкид карданд.
Давлати Амрико дар даҳ соли гузашта дар умури амниятӣ аз Тоҷикистон ҳимоят кардааст.
Дар ин муддат Амрико беш аз 151 миллион доллар ба тақвияти зерсохтҳо ва таҷҳизоти амниятии Тоҷикистон кӯмак кардааст.