Ҳузури сафири Эрон дар Тоҷикистон дар нишасти сафирони кишварҳои узви СҲШ
(last modified Wed, 06 Mar 2024 07:43:24 GMT )
Март 06, 2024 12:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури сафири Эрон дар Тоҷикистон дар нишасти сафирони кишварҳои узви СҲШ

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон рӯзи сешанбе(15/12/1402) дар нишасти сафирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай(СҲШ) дар Тоҷикистон, ки ба муносибати оғози раёсати Покистон бар Шӯрои нахуствазирони ин созмон ва бо унвони “навоварӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар бахши ҳамлу нақл ва мубориза бо фақр” баргузор шуд, ширкат кард.

Ҳақиқиён дар суханронии худ, таъомули фаъоли Эрон бо ҳамсоягон, аз ҷумла Покистонро аз авомили тақвияткунандаи дастури кори иқтисодии Созмони Шанхай бар шумурд ва бар зарурати талоши ҳамаҷониба барои баҳрабардорӣ аз зарфиятҳои ҳамкории иқтисодӣ дар ин созмон таъкид кард.

Сафири Эрон зимни эъломи омодагии Эроон барои ҳамкории бештар бо кишварҳои узв, иҷрои каридорҳои ҳамл ва нақлу энержиро мӯҷиби тақвияту тавсеаи зерсохтҳо дар минтақа донист ва тасреҳ кард, дар ростои эҷоди дастрасиҳои тиҷорӣ ва иқтисодии кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Русия ва Аврупо, Ҷумҳурии Исломии Эрон гомҳои муҳиммеро дар қолаби каридори Шимол - Ҷануб бардоштааст.

Ҳақиқиён бо таъкид бар аҳаммияти парвариши экосистемаҳои навоварӣ ва таъсири он бар пешрафти фанновариҳо, таҷмиъи манобеъ ва ташрики масоии кишварҳои узви Созмони Шанхай дар тарҳҳои таҳқиқотии донишбунёнро роҳи муассире барои муқобила бо чолишҳои иқлимӣ ва иқтисодӣ донист.

Ҳамчунин Ҳақиқиён рӯзи сешанбе бо Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Дар ин дидор тарафайни ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои илмӣ, донишгоҳӣ, омӯзишӣ ва шароити эътои бурсияи таҳсилӣ ба донишҷӯёни Тоҷикистонро мавриди гуфтугӯ ва табодули назар қарор доданд.

Сафири Эрон ва вазири маориф ва илми Тоҷикистон табодули таҷрибиёт ва устоду донишҷӯро ҳоизи аҳаммият дониста ва бар лузӯми тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳо таъкид карданд.