Март 08, 2024 18:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ
    Ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати мудираи Бонки Ҷаҳонӣ дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор масоили ҳамкориҳои ҷорӣ ва чашмандози равобит байни Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон, аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ ва иҷрои пружаҳои мухталиф дар кишвар бо мушорикати ин муассисаи молӣ ибрози ризоият кард.

Дар ин гуфтугӯ, ба манзури қависозии иқтисоди кишвар дар баробари таҳдидоту хатароту ҷазби сармояҳои бештар аз сӯи ҳамкорони тавсеа дар ҳавзаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар табодули назар сурат гирифт.

 

Барчасп