Ҳамкории Тоҷикистон ва Швейтсария дар тиҷорат ва соҳибкорӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i112494-Ҳамкории_Тоҷикистон_ва_Швейтсария_дар_тиҷорат_ва_соҳибкорӣ
Ҳамкории Тоҷикистон ва Швейтсария дар тиҷорат ва соҳибкорӣ дар Женева мавриди баррасӣ қарор гирифт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 09, 2024 12:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва Швейтсария дар тиҷорат ва соҳибкорӣ

Ҳамкории Тоҷикистон ва Швейтсария дар тиҷорат ва соҳибкорӣ дар Женева мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши Ховар ба нақл аз ба Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии Тоҷикистон , дидори сафири Тоҷикистон дар конфедератсияи Швейтсария ва намояндаи доими ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид, Шараф Шерализода бо Винсент Субилия- мудири кулли утоқи бозаргонӣ, саноъат ва хадамоти Женева дар Женева баргузор шуд.

 Дар ин дидор ҳамкориҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Женеваи конфедератсияи Швейтсария дар заминаи тиҷорат, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.