СПАД: Тақвияти амнияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон июл амалӣ мешавад
Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ эълом кард, пешнависи тарҳи тақвияти амнияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз сӯи Шӯрои доимии ин созмон таъйид шудааст ва дар моҳи июл амалӣ хоҳад шуд.
Имангали Тасмагамбетов, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар гуфтугӯ бо хабаргузории ТАСС изҳор дошт, пешнависи тарҳи тақвияти амнияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон пас аз таъйиди Шӯрои доимии ин созмон ба кишварҳои узв ироа шудааст ва дар моҳи июл низ амалӣ хоҳад шуд.
Вай бо эътироф ба ин ки талошҳои ҷиддии СПАД барои тақвияти марзи байни Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҷараён аст, изҳор дошт: Иродаи сиёсии Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар маърази бештарин таҳдидоти террористӣ аз хоки Афғонистон ҳастанд, барои иҷрои ин тарҳ муҳим аст.
Бо вуҷуди ин ки мақомоти ҳукумати Толибони таъкид кардаанд, ки аз хоки Афғонистон ҳеҷ таҳдиде мутаваҷҷеҳи кишварҳои дигар намешавад, кишварҳои узви СПАД ҳамвора аз хатари нуфузи гуруҳҳои террористӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз хоки ин кишвар ҳушдор медиҳанд.
Кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ба унвони аъзои СПАД дар охири соли гузаштаи мелодӣ муддаӣ шуданд, ба далели хатари нуфузи гуруҳҳои террористӣ аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ, ба дунболи тақвияти марзи Тоҷикистон ҳастанд.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон низ пештар эълом карда буд, ин кишвар пешнависеро ба СПАД ироа кардааст, ки дар тақвияти амнияти марзҳои ду кишвар таъсиргузор аст.
Нишасти намояндагони вазоратхонаҳову идороти кишварҳои узви СПАД аз 27 феврал то 1 март дар Маскав баргузор шудааст.