Март 14, 2024 10:13 Asia/Dushanbe
  • Дидор ва гуфтугӯи сафирони Эрон ва Фаластин дар Тоҷикистон
    Дидор ва гуфтугӯи сафирони Эрон ва Фаластин дар Тоҷикистон

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон , рӯзи чаҳоршанбеи 23 Исфанд бо Луи Исо сафири Фаластин дар ин кишвар мулоқот кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Алиризо Ҳақиқиён сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон зимни табрики ҳулӯли моҳи мубораки Рамазон , бо ишора ба тадовуми ҷиноёти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлӯми Фаластиню, ки бо ҳимояти Амрико ва бархе аз кишварҳои ғарбӣ ва дар сукути маҷомеъи байналмилалӣ дар ҷараёнаст , бар тадовуми ҳимояти Ҷумҳурии  Исломии  Эрон аз ормони Фаластин таъкид кард .

Ҳақиқиён зимни ташреҳи сиёсати усӯлии Эрон мабнӣ бар муқобила бо режими ҷаълии ишғолгари саҳюнистӣ ва ҳимоят аз ормони мардуми Фаластин , тасреҳ кард Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чанд моҳаи ахир аз ҳеҷ иқдомӣ барои ифшо ва  таваққуфи ҷиноёти ҷангӣ ва  наслкӯшии режими саҳюнистӣ дареғ накарда аст .

Сафири Фаластин зимни қадрдонӣ аз талошҳои ҳамешагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз мардуми Фаластин дар баробари ишғолгарони саҳюнистӣ изҳор дошт,  ки ҳадафи аслии саҳюнистҳо тасарруфи боқимондаи сарзаминҳои фаластинӣ ва  кӯштору овора кардани онҳост ва дар ин масир бархе аз кишварҳои ғарбӣ ин режимро ҳамроҳӣ мекунанд .

Сафири Фаластин бо ишора ба лузӯми якпорчагии мардуму гурӯҳҳои фаластинӣ , бар зарурати ҳимоят ва  вокуниши ҷаддитари кишварҳои исломӣ барои мутаваққиф кардани ҷиноёти саҳюнистҳо таъкид кард .

Барчасп