Март 16, 2024 13:20 Asia/Dushanbe
  • Кумаки Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таъмини сӯхти кӯра

Сафири Қазоқистон, Валихон Турахонов дар маросими интиқоли сӯхт аз Қазоқистон ба Тоҷикистон хотирнишон кард, ки ин кумак ба дастури Қосимҷомарт Тоқаев,раиси ҷумҳури Қазоқистон анҷом шудааст.

Турахонов гуфт: Таъмини маҳмулаҳои башардӯстона бо кумаки Ожонси тавсеаи байналмилалии Қазоқистон анҷом мешавад ва кумаки ба тазмини амнияти энергӣ ва ҳамчунин ҷилвае аз равобити стратегӣ дар таомули деринаи Қазоқистон ва Тоҷикистон аст.

 Вай таъкид кард: Арзиши сӯхти интиқолие, ки барои баҳрабардории пойдор аз таъсисоти муҳимми энергии Тоҷикистон таъмин мешавад, ҳудуди 5.7 миллион доллар аст.

 Ҳаҷми кулли кумакҳои башардӯстона аз Қазоқистон ба Тоҷикистон дар соли 2023 болиғ бар ҳудуди 2 миллион доллар будааст.

Дар Тоҷикистон дар соли гузашта фақат ҳудуди 3.9 ҳазор тон нафти кӯра аз тариқи фароварии маводи аввалияи дохилӣ тавлид шуд.

 Нафти кӯра дар Тоҷикистон асосан тавассути неругоҳи ҳароратии Душанбе барои тавлиди гармо ва барқ дар давраи поиз ва зимистон истифода мешавад.

 Неругоҳи ҳароратии Душанбе барои тавлиди гармо ва барқ истифода мешавад.

 

Барчасп