Март 17, 2024 10:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон барои такмили сохти неругоҳи Роғун
    Ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон барои такмили сохти неругоҳи Роғун

Дар ҷаласаи пайгирии бандҳои мундараҷ дар санади ёддошти тафоҳуми шонздаҳумин камисяи ҳамкориҳои муштараки Эрон ва Тоҷикистон эъзоми намояндагони муассисаи таҳқиқоти об ба Тоҷикистон барои такмили сохти негугоҳи Роғун мавриди барраси қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ростои пайгирии бандҳои мундараҷ дар санади ёддошти тафоҳуми шонздаҳумин камисяи ҳамкориҳои муштараки Эрон ва Тоҷикистон ҷаласаи бо ҳузури ниҳодҳои давлатии Эрон дар робита бо ин мавзу баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа дар канори тарҳу баррасии мавориди мухталиф пешниҳодоти низ ҷиҳати тавсеа ва густариши равобити ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаҳои мухталиф ироа шуд.

Аз ҷумлаи мавориди мавриди барраси метавон ба рушди 54 дарсадии содироти Эрон ба Тоҷикистони тайи 11 моҳи ахир аз 149 миллион доллар дар соли гузашта ба 230 миллион доллар, омодаги ҷиҳати тадвини ниҳоӣ пешнависи тафоҳумномаи технологиҳои нав, омодагии Тоҷикистон барои баргузарии ҳафтаи дустии ҷавонони ду кишвар дар Тоҷикистон дар апрели соли 2024 ва эъзоми намояндагони муассисаи таҳқиқотии об ба Тоҷикистон барои такмили сохти негугоҳи Роғун ишора кард.

Барчасп