Гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин
(last modified Tue, 19 Mar 2024 09:30:27 GMT )
Март 19, 2024 14:30 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин
    Гуфтугӯи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ҷумҳурии Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои суҳбат Владимир Путинро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи раёсатиҷумҳури дар Федератсияи Русия доиргардида сидқан табрик гуфтанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навӣ рӯзафзун дар роҳи рушди босубот ва шукуфоии Русияи дӯст орзу намуданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия бо таваҷҷуҳ ба соҳаҳои тиҷоративу иқтисодии муносибатҳои ду кишвар табодули афкор намуданд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҷумҳурии Федератсияи Русия дар иртибот ба пирӯзиаш дар интихобот, инчунин барқияи табрикоти ирсол намуданд.