24 март— Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории сил
24 март, Рӯзи ҷаҳонии сил аст. Ҳадаф аз номгузории ин рӯз, ки ба баҳонаи кашфи микроби сил тавассути донишманд Роберт Кох анҷом шудааст, афзоиши сатҳи огоҳии мардум аз шуюи ин беморӣ, пешгирӣ ва мубориза бо он аст.
Ба гузориши сомонаи Ховар, мубориза бар зидди бемории сил ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода мешавад. Аз ҷумла, ҳанӯз дар 3-7-рӯзагӣ эмкунии ҳатмии кӯдакон бо ваксинаи БСЖ ва дар 7-солагӣ бо ваксинаи дуюми он анҷом дода мешавад.
Ба тавсияи табибон, наврасони аз 15-сола боло ва калонсолон бояд ҳар сол шушашонро ташхис намоянд, хуб ва мунтазам ғизо истеъмол намоянд. Дар рӯйхати хӯрокҳо ҳар рӯз бояд 100-150 грамм маҳсулоти аз сафеда бой бошад ва тарзи ҳаёти солимро пеш гирифта, кор ва истироҳатро дуруст танзим намоянд.
Ба таъкиди табибони соҳа, ҳар шахс барои пешгирӣ намудани ин беморӣ бояд аз тамокукашӣ, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ карда, бояд ба варзиш машғул шавад ва бештар дар фазои тоза сайру гашт намояд.
Ҳамзамон дар ҳолати гирифтории ягон узви оила ба ин беморӣ тавсия дода мешавад, ки тамоси кӯдакони хурдсолро бо бемор истисно намуда, кӯшиш намоянд, ки беморро то ҳадди имкон ҷудо нигоҳ доранд ва тамоми ашёи ӯ, кати хоб ва табақчаҳои ӯро бодиққат дезинфексия намоянд.
Бемории сил табобатшаванда буда, шарти асосии раҳоӣ ёфтан аз он табобати пурра ва дурусту саривақтӣ мебошад. Зеро мавҷуд набудани табобати дурусти саривақтӣ метавонад боиси корношоямӣ, маъюбӣ ва ҳатто марг шавад.
Аломатҳои ин беморӣ сулфаи зиёда аз ду ҳафта, камқувватӣ, бемадорӣ, харобшавӣ, баландшавии ҳарорат, арақкунии шабона, камшавии иштиҳо, хунтуфкунӣ ва баъзан вақт дарди қафаси сина мебошанд.
Дар Тоҷикистон имконияти ташхиси саривақтии тамоми намудҳои сил (сили тамоми узвҳо ва тамоми намудҳои устуворият ба доруҳои зиддисилӣ) фароҳам буда, ташхисҳои микроскопию нурӣ ва молекулярӣ) дар сатҳи ноҳияҳо дастрас ҳастанд. Дар айни замон дар мамлакат «Барномаи нави миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Точикистон барои солҳои 2021 – 2025» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021 тасдиқ гардида, амалӣ мегардад. Мақсади асосии он кам намудани таъсири манфии мушкилоти сил ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба воситаи таъмини дастрасии умумӣ ба ташхису табобати саривақтию босифати ҳама намудҳои бемории сил, аз ҷумла сили ниҳонӣ мебошад. Дар маҷмуъ, он сатҳи сироятёбӣ ва фавтро кам карда, ривоҷи устуворият ба доруҳоро пешгирӣ менамояд.