Март 27, 2024 10:12 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири нақлиёти Тоҷикистон бо мудирон ва мутахассисони чандин ширкати сохтмонии Эрон

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар Душанбе бо роҳбарону мутахассисони якчанд ширкати сохтмонии Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла «Фароб» ва «Сангоб», ки ба тармиму навсозии нақби автомобилгарди «Истиқлол машғул мебошанд, мулоқот намуд.

Ба навиштаи сомонаи Ховар, ҳадаф аз мулоқот гузаронидани мушоҳидаҳои техникӣ, таҳлили ҷараёни имрӯзаи сохтмон ва татбиқи шартномаи марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмони нақби автомобилгарди «Истиқлол» мебошад, ки ин санад моҳи январи соли 2021 байни Тоҷикистон ва Эрон имзо шудааст.

Нақби «Истиқлол» дар километри 80-уми самти шимоли Душанбе, дар роҳ ба сӯи Хуҷанд воқеъ аст. Дарозии нақб 5,2 километрро ташкил медиҳад. Нақб минтақаҳои шимолӣ ва ҷанубии Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад. Сохтмони он моҳи сентябри соли 2003 аз ҷониби ширкати эронии «Собир» оғоз шуда буд.

 

Барчасп