Март 28, 2024 18:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар заминаи илмӣ ва омӯзишӣ

Имрӯз Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ростои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва тақвияти равобити илмӣ ва омӯзишӣ, табодули муаллим ва донишҷу ва анҷоми умури илмӣ ва пажӯҳише бо Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Эмомалӣ Насриддинзода, раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин дидор бо баёни инки Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз аввалин кишварҳое аст, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ кард, баён кард: Ба ин тартиб ҳамкориҳо ва равобити густурдаи ду кишвар дар сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд ва пайвандҳои ҳамкории мутақобили Донишгоҳи миллӣ ва бисёре аз ниҳодҳои олии Ҷумҳурии Исломии Эрон густариш ёфт.

 Сафири Эрон изҳор дошт, ки ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангии ду кишвар яке аз дурахшонтарин сафаҳоти равобити байни Тоҷикистон ва Эрон аст, зеро табодули таҷрибаҳо байни донишмандон, муаллимон, донишҷуён, иҷрои барномаҳои фарҳангӣ ва ҳунарии ду кишвар ва мушорикати донишмандон ва фарҳангиён дар конфронсҳои байналмилалӣ аз авлавияти аслии ин робитаҳо аст.

 

Барчасп