Январ 06, 2017 20:47 Asia/Dushanbe

Вазири мушовир дар умури хориҷаи Ҳинд ба дархости Русия барои истифода аз фурудгоҳи низомии “Айнӣ” дар Тоҷикистон вокуниш нишон додааст.

Ба гузориши расонаҳои хориҷӣ, Мубошир Ҷавод Акбар, вазири мушовир дар умури хориҷаи Ҳинд дар нишасти матбуотӣ гуфт, кишвараш бовар надорад, ки Русия метавонад хилофи манофеи роҳбурдии Ҳинд кор кунад, зеро равобити Ҳинд ва Русия озмунҳоро аз сар гузарондааст.

 Мубошир Ҷавод Акбар афзуд: “Мо фикр намекунем, ки Русия хилофи амният ва манофеи миллии Ҳинд кор кунад”.

Пеш аз ин расонаҳои ҳиндӣ бо нашри матолибе аз қавли бархе мақомоти ин кишвар навиштанд, ки Деҳлии нав бо бозсозии фурудгоҳи “Айнӣ” мехоҳад тарҳи вуруд ба минтақа ва ҳузури низомӣ дар наздики Афғонистонро амалӣ кунад.  

Ин дар ҳолест, ки ахиран Игор Лякин Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон гуфта буд, ки кишвараш аз мақомоти тоҷик хостааст, ки имкони истифодаи Русия аз фурудгоҳи низомии “Айнӣ”-ро фароҳам кунад, зеро пойгоҳи 201-и Русия, мустақар дар Тоҷикистон ба нерӯи ҳавоӣ ниёз дорад.

Фролов афзуд, ки Русия ба Тоҷикистон шеваҳои гуногуни истифода аз ин фурудгоҳ, аз ҷумла истифодаи муштаракро пешниҳод карда ва тарҳи тавофуқи дуҷониба барои истифода аз фурудгоҳи “Айнӣ” дар ҳоли баррасӣ аст.

 Фурудгоҳи низомии “Айнӣ” бо сармоягузории 70 миллион долларии Ҳинд бозсозӣ ва таҷҳиз шуд ва дар пайи он бештар расонаҳои ҳиндӣ аз истиқрори ҳавопаймоҳо ва болгардҳои ҷангии ин кишвар дар ин фурудгоҳ хабар доданд, аммо мақомоти расмии Душанбе фавран ин хабарҳоро такзиб карданд.

Дар ҳамин ҳол Русия дар соли 2016 чаҳор болгарди ҷангии марбут ба пойгоҳи низомии 201-ро дар ин фурудгоҳ мустақар кард ва баъдҳо ҳавопаймоҳои низомии Русия дар тамринҳои муштарак бо Тоҷикистон аз фурудгоҳи “Айнӣ” истифода карданд.

Ҳамкорамон Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ аз Душанбе дар гузориши худ ҷузъиёти бештари ин мавзӯро шарҳ додааст.