Апрел 01, 2024 16:32 Asia/Dushanbe
  • Таъмири пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Зафаробод

Бо татбиқи лоиҳаи «Азнавсозии низомҳои обёрӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд» иқтидори низоми обёрӣ дар ноҳияи Зафаробод ва шаҳри Гулистони вилояти Суғд баланд бардошта мешавад.

Ба гузориши сомонаи Ховар, татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2024 оғоз гардида, анҷоми он дар соли 2028 ба нақша гирифта шудааст. Зимни баррасии ин масъала иттилоъ дода шуд, ки Созишномаи мазкур 22 ноябри соли 2023 дар шаҳри Москва байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки авруосиёи рушд дар ҳаҷми 32 млн. доллари амрикоӣ имзо шудааст. Маблағи лоиҳа қарзи имтиёзнок мебошад. Мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани иқтидори низоми обёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он дар ноҳияҳои Зафаробод ва Гулистони вилояти Суғд татбиқ мешавад.

Лоиҳаи мазкур асосан аз 4 қисмат иборат буда, дар марҳилаи аввал азнавсозӣ ва барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғдро дар бар мегирад. Бояд ёдовар шуд, ки силсилапойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Зафаробод солҳои 60-уми асри гузашта ба истифода дода шуда, дар айни ҳол қисми зиёди таҷҳизоти он корношоям мебошад.

Бахши дуввуми лоиҳа ташкил намудани колоннаи сайёри механиконидашуда ва барқарорсозии пойгоҳи техникӣ, харидорӣ намудани таҷҳизот ва мошину механизмҳо барои сохтмон ва нигоҳдории шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашро фаро мегирад.

Дар бахши сеюм лоиҳа баланд бардоштани иқтидори институтсионалии кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодабарандагони об пешбинӣ гардидааст.

 

Барчасп