Ба 23 соли маҳкумияти Бузургмеҳр Ёров се соли дигар зам шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i11329-Ба_23_соли_маҳкумияти_Бузургмеҳр_Ёров_се_соли_дигар_зам_шуд
Додгоҳе дар Тоҷикистон дар пайи муҳокимаи парвандаи ҷадиди Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби фаъолияташ мамнӯъ дар ин кишвар ба 23 соли ҳукми маҳкумияти қаблии ӯ 3 соли дигар изофа кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 07, 2017 07:13 Asia/Dushanbe
  • Ба 23 соли маҳкумияти Бузургмеҳр Ёров се соли дигар зам шуд

Додгоҳе дар Тоҷикистон дар пайи муҳокимаи парвандаи ҷадиди Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби фаъолияташ мамнӯъ дар ин кишвар ба 23 соли ҳукми маҳкумияти қаблии ӯ 3 соли дигар изофа кард.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, Бузургмеҳр Ёров ба иттиҳоми беэҳтиромӣ ба додгоҳи қаблӣ ва таҳқири намояндаи додситони кулли Тоҷикистон ба 3 соли зиндон маҳкум шуд, ки акнун давраи маҳкумияти ӯ ба 26 сол мерасад.

Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2016 Бузургмеҳр Ёровро ба иттиҳоми ифротгароӣ, барангехтани ихтилофоти миллию динӣ, тавҳин ба раисҷумҳур ва даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон ба 23 соли зиндон маҳкум карда буд. Аммо Ёров бо сиёсӣ хондани ин ҳукм далели аслии боздошту зиндони шудани хешро дифоъ аз ҳуқуқи 13 узви зиндонии ҲНИТ, ҳизби мамнӯъ дар Тоҷикистон унвон мекунад.

Мақомоти додгоҳии Тоҷикистон бар асоси шикояти Рустам Тақдирзода, додситони парвандаи Бузургмеҳр Ёров ва Нуруддин Маҳкамов, ду вакили мудофеи ҲНИТ, ҳизби мамнӯъшудаи ин кишвар муддаӣ шудаанд, ки дар охирин ҷаласаи муҳокимаи онон дар додгоҳи Душанбе Ёров нисбат намояндаи додситонӣ ва додрас беэҳтиромӣ кардааст.

Бузургмеҳр Ёров охирҳои моҳи сентябр соли 2015, пас аз он ки Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломиро таъсис кард, ба иттиҳоми қаллобӣ аз сӯйи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздошт ва барои ӯ парванда ташкил шуд. Аммо чанде баъд мақомоти амнияти Тоҷикистон алайҳи ӯ ба иттиҳоми ифротгароӣ, барангехтани ихтилофоти миллию динӣ ва даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионии ин кишвар парвандаи ҷиноӣ боз карданд.