Апрел 07, 2024 17:55 Asia/Dushanbe
  • Ваҳдат Ҳаннонов, мудофеи тоҷикистонии тими футболи “Персполис”-и Эрон
    Ваҳдат Ҳаннонов, мудофеи тоҷикистонии тими футболи “Персполис”-и Эрон

Ваҳдат Ҳаннонов, мудофеи тоҷикистонии тими футболи “Персполис” бо доштани пешниҳоди қобили тавваҷуҳи молӣ, аввалин ҷудошудаи ин тим дар тобистон хоҳад буд.

Ваҳдат Ҳаннонов бо вуҷуди ин ки дар фасли ҷорӣ камтарин фурсати бозӣ кардан дар “Персполис”-ро пайдо кард, дар таркиби тими миллии Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои Осиё ва ҳамчунин марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонӣ хуш дурахшид то муштариёнеро барои худ даступо кунад.

Мудофеи “Персполис” дар ҳоли ҳозир пешниҳодеро аз яке аз кишварҳои арабӣ дарёфт кардааст, ки маблағи қобили таваҷҷуҳе ҳам ба ин бозикун пардохт хоҳад шуд. Нимкатнишиниҳои паёпайи ӯ дар “Персполис” низ боис шуда то Ҳаннонов яке аз хуруҷиҳои қатъии тимаш бошад то яке аз хориҷиҳои “Персполис” аз листи бозикунони фасли ояндаи ин тим канор биравад.