Гушоиши масири тиҷории Покистону Тоҷикистон
(last modified Mon, 08 Apr 2024 05:41:22 GMT )
Апрел 08, 2024 10:41 Asia/Dushanbe
  • Гушоиши масири тиҷории Покистону Тоҷикистон

Маросими гушоиши масири мустақими тиҷории Покистону Тоҷикистон бо ҳузури вазири нақлиёт ва мудири кулли ширкати пешбари логистикии мултимодалии Покистон «National Logistics Corporation (NLC)» дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Расонаҳои Покистон аз гушоиши масири тиҷории мустақим байни Покистону Тоҷикистон бо ҳузури Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Фаррух Шаҳзод Рао, мудири кулли ширкати пешбари логистикии мултимодалии Покистон «National Logistics Corporation (NLC)» дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Бар асоси ахбори мунташир шуда, аввалин маҳмулаи себзаминии маҳсӯли Покистон аз ин масири тиҷории заминӣ байни Покистону Тоҷикистон пас аз тайи 1400 километр дар 7 рӯз, ба шаҳри Душанбе расид.

Ин масири транзитӣ, Тоҷикистону Осиёи Марказиро аз роҳи заминӣ ва мустақим ба банодири Карочӣ ва Гвадари Покистон муттасил мекунад.