Дархости Эмомалӣ Раҳмон аз мардум барои парҳез аз исрофу худнамоӣ
Раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистони сокинони ин кишварро ба дур аз исрофи корӣ таҷаммулгароӣ даъват кард .
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ ба муносибати иди Саиди Фитр иброз хурсандӣ кард, ки мардум моҳияту фавойиди “ Қонӯни танзими суннатҳоу маросим “ро дарк кардаанд.
Вай тасреҳ кард , имрӯз пасандози шаҳрвандон сарфи беҳбуди вазъияти маишатӣ , сохту соз ва беҳсозии манозили маскунӣ мешавад .
Ба гуфта раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон , гузари замон ва аз сӯи дигар , вазъияти печида ва душвории рӯзафзӯни таъмини ғизоии мардуми кураи замин , паёмадҳои тағироти иқлимӣ - кам обӣ ва хушксолӣ дар аксари манотиқи кишвари ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон , дурустии гомҳои бардошта шуда дар ин росторо нишон медиҳад .
Раиси Ҷумҳӯр бо баёни инки ҳамватанон сахтиҳо ва гурӯснагиҳои ҷанги дохилии таҳмилиро ба хубӣ ба ёд доранд , аз ҳамаи хонаводаҳо ва сокинони кишвари хост дар баргузории маросим дучори исроф , зиёда равӣ , худнамоӣ ва риё нашаванд .
Вай таъкид кард ба ҷои худнамоӣ ва зиёдахоҳӣ , саъй кунем беҳтарини шароитро барои таълиму тарбияти фарзандонамон фароҳам кунем ва ғизо , пӯшоку васоили мактабро бо кайфият ва бо ҳадафи иртиқои бештар дар ихтиёри онҳо қарор диҳем .