Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Конфронси тиҷорат ва тавсеаи Созмони Миллали Муттаҳид
(last modified Wed, 10 Apr 2024 09:20:47 GMT )
Апрел 10, 2024 14:20 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Конфронси тиҷорат ва тавсеаи Созмони Миллали Муттаҳид

Тоҷикистон ҳамкории худро бо Конфронси тиҷорат ва тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид тақвият мекунад

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар,Шараф Шерализода, сафири Тоҷикистон дар Швейтсария, намояндаи доими Тоҷикистон дар СММ ва дигар созмонҳои байналмиллалӣ дар Женева бо хонуми Рибка Гирин, дабири куллии Конфронси тиҷорат ва тавсеаи СММ дидору гуфтугӯ кард.

 Дар ин дидор, тарафҳо дар мавриди тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо ин конфронс дар заминаҳои соддасозии равияҳои тиҷорӣ, таҷзияву таҳлили системаи сармоягузорӣ, мудирияти қарзи умумӣ, таҷзия ва таҳлили системаи навоварона, рақамисозии бахшҳои иқтисодӣ, стратегияи тиҷорати электроникӣва соир заминаҳои тавсеа баҳсу табодули назар карданд.