Апрел 10, 2024 21:52 Asia/Dushanbe
  • Баргузории намози иди саиди Фитр дар масҷиди ҷомеъи шаҳри Душанбе

Намози бошукӯҳи иди саиди Фитр дар масҷиди ҷомеъи шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, намози бошукӯҳи иди саиди Фитр рузи чаҳоршанбе дар масҷиди ҷомеъи шаҳри Душанбе ба имомати Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон (муфтии Тоҷикистон) баргузор шуд.

 Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон зимни ширкат дар ин маросим, дар дидори кӯтоҳе бо муфтии Тоҷикистон, иди саиди Фитрро ба ишон ва мардуми мусулмон ва шарифи Тоҷикистон табрик гуфт.

 

Барчасп