Театри Александринский дар Душанбе
(last modified Thu, 11 Apr 2024 14:31:30 GMT )
Апрел 11, 2024 19:31 Asia/Dushanbe
  • Театри Александринский дар Душанбе

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Мудири театри драмавии миллии Русия (Театри Александринский) Сергей Емелянов мулоқот намуд. Ба гузориши Садои Хуросон,дар ин хусус «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масоили марбут ба густариши ҳамкории  Тоҷикистон ва Русияро дар соҳаҳои фарҳанг, аз ҷумла масъалаҳои ташкили мубодилаи театрҳо дар қаламрави ду давлат, гурӯҳҳои мусиқӣ, намоишҳои санъат ва инчунин тақвият додани ҳамкорӣ  байни муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъатро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин  масъалаи аз 24 то 27 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор намудани Мактаби байналмилалии театрии Александринский муҳокима гардид.