Апрел 18, 2024 13:57 Asia/Dushanbe
  • Сафари расмии раисиҷумҳӯри Узбекистон ба Тоҷикистон
    Сафари расмии раисиҷумҳӯри Узбекистон ба Тоҷикистон

Шавкати Мирзиёев , раисиҷумҳӯри Узбекистон дар сафари расмӣ ба Тоҷикистон бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ тоҷи гул гузошт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз Ховар ; Шавкат Мирзиёев , раисиҷумҳӯри Узбекистон дар чорчӯби сафари давлатии худ ба Тоҷикистони имрӯз аз майдони “ Дӯстӣ ” шаҳри Душанбе боздид ва бар пояи муҷассамаи бунёнгузори давлати Тоҷикистон , Исмоили Сомонӣ тоҷи гул гузошт .

Шавкати Мирзиёев , раисиҷумҳӯри Ҷумҳурии Узбекистонро дар ин маросими Қоҳир Расӯлизода , нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомот ҳамроҳӣ карданд .

Ба унвони бахше аз ин сафар , дидор ва музокироти давлатӣ дар сатҳи Олии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистони барномарезӣ шудааст ва тайфи густардае аз ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад . Пас аз дидорҳои сатҳи боло ва музокироти Тоҷикистон ва Узбекистон , чанд санади ҷадиди ҳамкории имзо ва нишаст хабарии сарони ду кишвар баргузор хоҳад шуд .

Эмомалӣ Раҳмон , раисиҷумҳӯри Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев , раисиҷумҳӯри Ҷумҳурии Узбекистони имрӯз дар барномаи фарҳангии ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон – “ Дӯсти абадӣ ” ширкат мекунанд .

Ҳамчунин бар асоси барномаи ин сафар , Шавкати Мирзиёев , раисиҷумҳӯри Ҷумҳурии Узбекистон бо Суҳаммдтоири Зокирзода , раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоҳир Расӯлзода , нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистони дидору гуфтугӯ ва дар ифтитоҳияи расмии сохтимони ҷадиди сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар намоишгоҳи маҳсӯлоти санъатии Узбекистон дар маркази EXPO дар Душанбе ширкат мекунад .

Барчасп