Имзои тафоҳумномаи ҳамкории илмӣ ва омӯзишии Тоҷикистон ва Бошқирдистон
Масъулони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон тавофуқномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , нишасте дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо Салавот Согитов, раиси Донишгоҳи давлати омӯзгории Бошқирдистон баргузор шуд.
Дар ин нишаст Зулфия Мирзода, муовини омӯзишии Донишгоҳ дар хусуси ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия дар заминаи омӯзишӣ ва илмӣ гуфтугӯ ва аз тавофуқоти чандҷонибаи донишгоҳ бо муассисоти омӯзиши олии федератсияи Русия ибрози хурсандӣ кард.
Дар ин дидор тарафҳо дар хусуси тақвияти ҳамкориҳо дар ростои тарбияти муаллими забон ва адабиёти русӣ дар тамоми давраҳои таҳсилӣ ва табодули донишҷӯ ва муаллим баҳсу табодули назар карданд.