Апрел 24, 2024 14:51 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ба Ҷоми Ҷаҳонии Футзал роҳ ёфт
    Тоҷикистон ба Ҷоми Ҷаҳонии Футзал роҳ ёфт

Тими миллии футазли Тоҷикистон бо бартарӣ баробари Афғонистон роҳии марҳалаи ниманиҳоии Ҷоми Миллатҳои Осиё шуд.

Ба гузориши “Меҳр”, дар нахустин дидор аз марҳалаи якчаҳоруми ниҳоии футзали Ҷоми Миллатҳои Осиё - 2024 имрӯз - чаҳоршанбе аз соати 10: 30 тимҳои миллии футзали Тоҷикистону Афғонистон ба масофи ҳам рафтанд, ки ин бозӣ дар поён бо бартарии 2 бар 1 ба суди Тоҷикистон ба поён расид.

Тими миллии футзали Тоҷикистон бо ин пирӯзӣ, илова бар роҳёбӣ ба марҳалаи ниманиҳоӣ, муваффақ шуд муҷаввизи ҳузур дар рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳонии 2024-и Узбакистонро аз они худ кунад.

Дар ин дидор тими Тоҷикистон дар охирин дақоиқи нимаи аввал муваффақ шуд аз ҳарифи худ пеш биафтад, аммо дар нимаи дувум шогирдони Маҷиди Муртазоӣ тавонистанд голи хӯрдаро ҷуброн кунанду бозиро ба тасовӣ бикашонанд.

Гулора Нозимӣ, довари байналмилалии футзали Эрон яке аз доварони қазоваткунанда дар ин дидор буд ва дар ҳоле ки 3 дақиқа ба поёни бозӣ монда буд, яке аз бозикунони Тоҷикистонро бо корти зарди дувум ҷарима кард то ин тим 2 дақиқа 4 нафара ба кори худ идома диҳаду фурсати муносибе барои бозикунони Афғонистон барои ба самар расонидани голи бартарӣ ба вуҷуд бияёд. Аммо дифои фишурдаи тоҷикҳо монеъ аз он шуд, ки шогирдони Муртазоӣ битавонанд дар ин 2 дақиқа ба гол бирасанд.

Дар идома ҳам ҳеч кадом аз тимҳо муваффақ ба голзанӣ нашуданд то бозӣ дар вақтҳои қонунӣ бо тасовии як ба як ба поён бирасад.

Ҷоми футзали Осиё 2024: Тоҷикистон 2 Афғонистон 1

 

Аммо дар вақтҳои изофа ин тими футзали Тоҷикистон буд, ки муваффақ шуд як бори дигар дарвозаи ҳарифро боз кунад ва дар маҷмуъ бо бартарии 2 бар 1 ба бартарӣ бирасад.

Файзалӣ Сардоров муваффақ шуд аз рӯи нуқтаи пеналтии дувум дарвозаи Афғонистонро боз кунад.

Бо ин натиҷа, тими миллии Тоҷикистон муваффақ шуд ба марҳалаи ниманиҳои роҳ ёбад ва барои аввалин бор дар таърихи ин кишвар роҳии Ҷоми Ҷаҳонии футзал шавад.

Тими миллии Тоҷикистон бояд дар марҳалаи ниманиҳоӣ ба масофи барандаи дидори Таиланд ва Ироқ биравад.

 

Барчасп