Апрел 26, 2024 20:26 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон дар Италия
    Эмомалӣ Раҳмон дар Италия

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафари расмӣ ба Италия бо мудири кулли Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар мақарри ин созмон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши “Азия плюс”, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯби сафари расмӣ ба Италия, пас аз дидор бо мудири кулли Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар мақари ин созмон, дар маросими муаррифии анвои зардолу, ангур ва меваи хушки Тоҷикистон ширкат кард.

Зардолу ба унвони дарахте мевадор таърихи беш аз 4 ҳазор сол дорад ва тибқи назари донишмандон, қаламрави Тоҷикистон ба унвони яке аз манотиқи ба он хос шинохта шудааст.

Таъкид шуд, ки давлати Тоҷикистон ҳамкории муассире бо Созмони ғизо ва кишоварзии СММ дорад. Дар натиҷаи робитаи муфид, чандин навъи зардолу вориди Тоҷикистон  шудааст.

Дар поёни ин маросим, ба манзури тақвияти ҳамкориҳо, намунаҳое аз ниҳоли анвои зардолу ва ангури Тоҷикистон ба Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид эҳдо шуд.

 

Барчасп