Дидору гуфтугуи мақомоти сиёсии Тоҷикистон ва Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i113908
Ройзаниҳои сиёсии байни вазоратхонаҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Русия дар Маскав баргузор шуд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Апрел 28, 2024 09:51 Asia/Dushanbe
  • Дидору гуфтугуи мақомоти сиёсии Тоҷикистон ва Русия
    Дидору гуфтугуи мақомоти сиёсии Тоҷикистон ва Русия

Ройзаниҳои сиёсии байни вазоратхонаҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Русия дар Маскав баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар ба нақл аз Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон , дар ин ройзани мавзуъоти муҳими равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ , иқтисодӣ , тиҷорӣ , фарҳангӣ , башардустонаи мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Дар ин нишаст ҳайатҳои тарафайн ба раёсати муовинони вазири хориҷаи Тоҷикистон ва Русия ширкат карданд .

Ҳамчунин дар хусуси ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ ва масоили амниятии минтақаи табодул назар шуд.