Баргузории ҳамоиши об ва иқлим дар Покистон ба ибтикори Тоҷикистон
Бо ибтикори Тоҷикистон ҳамоише бо унвони”Об ва иқлим” дар Покистон баргузор шуд.
Бо ибтикори сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурии исломии Покистон, аввалин ҳамоиши байналмилалии тағйироти обуҳавоӣ дар Донишгоҳи Осиёи бузург (grand asia) воқеъ дар шаҳри Сиёлкут дар иёлати Панҷоб баргузор шуд.
Дар ин ҳамоиш беш аз 600 нафар аз раисони муасиссаҳои ҳавошиносӣ, пажӯҳишгоҳҳои об ва иқлим, намояндагон ва коршиносони иқлим ва энергияи об аз кишварҳои аврупоӣ, муасиссаҳои энергӣ ва энергияи сабз, устодон, донишҷуён ва расонаҳои гурӯҳии дохилӣ ва хориҷӣ ширкат карданд.
Ширкат кунандагони ин ҳамоиш ибтикороти ҷумҳурии Тоҷикистонро дар заминаи тағйироти обу ҳаво барои ҷилавгирӣ аз паёмадҳои манфии балоҳои табиӣ муҳим арзёбӣ карданд.