Май 02, 2024 17:29 Asia/Dushanbe
  • Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Тоҷикистон омаданд

Тедди Ринери ва Шоҳей Оно, ситораҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон омаданд.

Тедди Ринери (Фаронса) ва Шоҳей Оно (Ҷопон), дурахшонтарин ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд.

Ин ситораҳои ҷудои ҷаҳон дар чорчуби баргузории мусобиқоти байналмилалии “dushanbe grand slam 2024” ба Тоҷикистон сафар карданд.  Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, намояндагони Кумитаи варзиш ва ҷавонон,Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва масъулон Кумитаи баргузории мусобиқоти “dushanbe grand slam 2024” бо машҳуртарин варзишкорони ҷаҳон дидор карданд. Тедди Ринери, ки 35 сол дорад, дар вазни беш аз 100 килограмм муддаии аслӣ барои касби пирӯзӣ дар ин мусобиқот маҳсуб мешавад.  Ин мусобиқот аз 3 то 5 майи соли 2024 дар муассисаи давлатии “Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ”-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

 415 варзишкор аз 71 кишвар ва 5 қитъа барои ширкат дар мусобиқоти байналмилалии “dushanbe grand slam-2024” сабти ном кардаанд. 220 мард ва 195 зан барои касби имтиёзи олимпӣ дар 14 вазн бо ҳам рақобат мекунанд.

 Дар ин мусобиқот 37 куштигир аз Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.