Намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон - 2024”
(last modified Fri, 03 May 2024 16:16:01 GMT )
Май 03, 2024 21:16 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон
    Намоишгоҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон - 2024” баргузор шуд.

Ин намоишгоҳ тавассути Утоқи бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон ва бо ҳимояти давлати Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ширкатҳои маъруфи дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Беларус, Туркманистон, Узбакистон, Эрон, Чин, Покистон ва Туркия маҳсулоти худро дар ин намоишгоҳ арза мекунанд.

Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ маҳсулоту анвои хадамот аз беҳтарин ширкатҳои дохилӣ, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозорҳои хориҷи кишвар шинохташуда ҳастанд, ироа мешавад.